Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз воҳидҳои мустақили ҳарбии таъйиноти махсус мебошад, ки бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ аст. Ин сохтори ҳарбӣ вазифаҳои махсусан муҳимми давлатиро ба зимма дорад ва яке асосҳои таъмини амният ва устувории давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Таърихи таъсис ва рушд
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ба воҳидҳои махсуси ҳарбӣ ниёз дошт. Дар натиҷа:
- 17 январи соли 1995 — бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №155 Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд.
- 26 январи соли 2004 — баъди тағйироти сохторӣ бо Фармони Президент, ин воҳид ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.
Афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ дар баробари дигар кормандони сохторҳои қудратӣ фаъолона дар нигоҳ доштани қонун, таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ширкат намуданд ва намуданданд.
Вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ
Фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти давлат равона шудааст. Вазифаҳои асосии он инҳоянд:
- Маросимҳои дипломатӣ: Иҷрои тадобири маросими қабулу гусели сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ.
- Ҳифзи иншооти махсус: Анҷоми чорабиниҳои ҳимоявӣ-низомӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар тадбирҳои вобаста ба таъмини амнияти иншооти ҳифзшавандаи махсан муҳимми давлатӣ, иморатҳо, ҳудудҳои ҳамшафақат ва акваторияҳо (ки номгӯи онҳоро Президент — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муайян мекунад).
- Мубориза бар зидди терроризм: Иштирок дар чорабиниҳои зиддитеррористӣ бо супориши Президент.
- Мудофиаи гражданӣ: Бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокат ва садамаҳо.
Сохтор ва ташкилот
Гвардияи миллӣ сохтори мураккаб ва банақшагирифта дорад, ки аз раёсатҳо, шуъбаҳо ва қисмҳои гуногун иборат аст:
Раёсатҳои асосӣ:
- Раёсати корҳои фармондеҳӣ (Сарситод): Раёсати амалиётӣ, шуъбаи ташкил ва сафарбарӣ, шуъбаи алоқа, шуъбаи хидмати қӯшунҳо ва бехатарии хидмати ҳарбӣ, Раёсати хидмати комендантӣ ва оркестри ҳарбиро дар бар мегирад;
- Раёсати тайёрии ҷангӣ
- Раёсати корҳои тарбиявӣ: Аз бахшҳои тайёрии тарбияи ватандӯстӣ, интизоми ҳарбӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва корҳои рӯҳшиносӣ иборат аст.
- Раёсати аслиҳа ва техника
- Раёсати ақибгоҳ
Қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳо:
Дар таркиби Гвардияи миллӣ қисмҳои ҳарбии зерин фаъолият доранд:
- Қисми ҳарбии 051052 — Маркази тайёрии кадрҳо
- Қисми ҳарбии 051053, Звенои авиатсионӣ
- Қисми ҳарбии 051054, Бригадаи махсуси комендантӣ
- Қисмҳои ҳарбии 051055 то 051064
- ММТ — Маркази миллии таълимии мубориза бо маводи мухаддир, ки дар шаҳри Турсунзода воқеъ аст.
Воҳидҳои пуштибонӣ ва дигар ташкилотҳо:
Дар назди Гвардияи миллӣ инчунин нашрияи «Родмардон», ансамбли созию овозии «Диловарон», шуъбаи тиббӣ-ҳарбӣ, шифохона, шуъбаи кадрҳо ва шуъбаи молия фаъолият доранд.
Принсипҳои фаъолият
Фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси принсипҳои муҳимми давлатдорӣ ва башардӯстӣ сурат мегирад. Ин воҳиди ҳарбӣ аз ин қоидаҳо рӯй намегардад:
- Волоияти қонун
- Садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент
- Башардӯстӣ
- Муқаддас будани масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Ватан
- Ҳимояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд
- Омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ
- Идоракунии мутамарказ ва яккасардорӣ
- Риояи интизоми ҳарбӣ
- Нигоҳдории сирри давлатӣ
Фармондеҳӣ
Гвардияи миллиро генерал-лейтенанти гвардия сарварӣ мекунад, ки бевосита ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар ҳисобот медиҳад. Ин тобеъият бевосита нишони мавқеи баланд ва масъулияти ҷудонашавандаи ин сохтори ҳарбӣ дар системаи амнияти давлатӣ мебошад.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз яке аз пойбандҳои асосии суботи давлатӣ буда, нақши муҳиммеро дар ҳифзи сулҳ, амният ва тартиботи қонунии кишвар иҷро менамояд.